ҶАВОНОН ВА ПЕШГИРИИ ҒОЯҲОИ ИФРОТӢ
Инсон аз модар ифротгаро таваллуд намешавад, балки бо таъсири муҳит ба роҳи нодуруст меравад. Яке аз ин гуна роҳҳои номатлуб ин терроризму экстремизм аст, ки ба амният ва рушди кишварҳо хатари ҷиддӣ дорад ва мутаассифона баъзан ҷавонон ба он мепайванданд. Таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки сабабу омилҳои зерин боиси гумроҳии ҷавонон мегардад:
1. Истифодаи нодуруст ва ғайримақсадноки интернет, ба хусус шабакаҳои иҷтимоӣ;
2. Надоштани донишҳои ҳуқуқӣ;
3. Сатҳи пасти маълумотнокӣ;
4. Таълими ғайрирасмии динӣ;
5. Бекорӣ.
Биёед ҳар як ин омилро дида мебароем. Интернет, ба хусус шабакаҳои иҷтимоӣ яке аз воситаҳо ва гуфтан мумкин аст, усули асосии паҳни андешаҳои хатарзо ва ифротӣ ба шумор меравад. Тавассути онҳо гурӯҳҳои тундрав мехоҳанд ба сафи худ ҷавонону наврасоне, ки ҳоло ҷаҳонбиниашон шакл нагирифтааст, ҷалб кунанд. Барои он, ки наврасону ҷавонони мо ба роҳи хато нараванд, бояд ба онҳо фарҳанги истифодаи интернетро омӯзонид. Оид ба зарар ва фоидаи шабакаҳои иҷтимоӣ маълумот дод. Аз саводи расонаӣ, тафаккури интиқодӣ ва амнияти рақамӣ онҳоро огоҳ кард. Маҳз дар ин замина дар Паёми худ Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамаи сохторҳоро вазифадор карда буданд, ки ҷиҳати ҷилавгирӣ аз қонуншиканиҳо дар байни наврасон чораҳои таъхирнопазир андешанд, то раванди ҷаҳонишавӣ ва фарҳанги бегона зеҳни наврасони моро заҳрогин накунад.
Дар баробари ин ба қонунҳои кишвар “Дар бораи алоқаи барқӣ” ва “Дар бораи масъулият барои таълиму тарбияи кӯдак”тағйирот ворид карда шуд. Масалан, мутобиқ ба моддаи 16-и қонун “Дар бораи масъулият барои таълиму тарбияи кӯдак” падару модар уҳдадоранд аз тарафи кӯдак мақсаднок истифода шудани интернетро назорат намоянд.
Барои баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии аҳолӣ соли 2024 «Соли маърифати ҳуқуқӣ» эълон карда шудааст. Аз як тараф ин иқдоми Сарвари давлат барои рушди ҷомеаи демократӣ ва арзишҳои кишвари ҳуқуқбунёд равона карда шуда бошад, аз ҷониби дигар ҳадаф мусаллаҳ кардани ҷавонон бо донишҳои ҳуқуқӣ ба хотири пешгирии онҳо аз гаравиш ба гурӯҳҳои номатлуб мебошад. Зеро вақте ҷавон пайомади рафтору амали худро дарк мекунад, ҳеҷ гоҳ ба роҳи каҷ намеравад.
Пӯшида нест, ки асосан ба доми гурӯҳҳои хатарзо ҷавононе меафтанд, ки маълумоти кофӣ надоранд. Барои он ки ҷавонони мо ба доми ифротиён наафтанд, бояд бештар хонанд, аз болои худ кор кунанд ва соҳибмаълумот бошанд. Дар кишвар рӯйи кор омадани озмунҳое чун “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст”, “Тоҷикистон – Ватани азизи ман”, “Тоҷикон” – оинаи таърихи миллат” далели равшани ин гуфтаҳост.
Таълими ғайрирасмии динӣ боиси он мешавад, ки наврас ва ё ҷавон мавриди мағзшӯйӣ қарор гирад. Ба таъкиди Пешвои миллат таълимоти ғайрирасмии динӣ дар бисёр ҳолатҳо ба фатанизми динӣ бурда мерасонад. Албатта, наврас ва ё ҷавон аз пеши худ таълими ғайрирасмии диниро интихоб намекунад, дар ин раванд нақши калидиро волидайн мебозанд. Бинобар ин баландбардории огоҳии волидайн низ қадами мондагор дар пешгирии ифротгароӣ ва таҳкими сулҳ мебошад.
Мутобиқ ба Кодекси меҳнат бекорӣ аз зуҳуроти иҷтимоӣ-иқтисодӣ мебошад. Аслан, ҳолати бекорӣ дар ҳамаи кишварҳо вуҷуд дорад. барои кам кардани бекорӣ ҳамасола дар кишвар ҷойҳои нави корӣ таъсис дода мешаванд ва мисоли зиндаи он будани ҷойҳои кор дар НОБ “Роғун” мебошад. Дар баробари ин мутобиқ ба дурнамои Ҳукумати кишвар бояд то соли 2026 аҳолии қобили меҳнат ба пуррагӣ соҳиби касб гарданд. Мутаассифона вақте ҷавонони мо ба ҷое барои кор мераванд, бо баҳонаи камии маош кор карданӣ нестанд. Биноан ҷавонон бояд таҳаммулпазир бошанд, зеро дар давраи соҳибистиқлолӣ 25 маротиба Фармони Президенти кишвар оид ба баландбардории музди меҳнат ба тасвиб расидааст ва он маоше, ки имрӯз дар ташкилоту муассисаҳо мегиранд, аз маоши солҳои 2000 ба куллӣ фарқ мекунад.
Бояд қайд кард, ки дар таҳкими сулҳ ва пешгирии ғояҳои ифротӣ нақши асосиро занону ҷавонон мебозанд. Зеро маҳз модар дар фарзанд шаклдиҳандаи шуур ва ҷаҳонбинии ӯ мебошад. Таъсири ҳамсол ба ҳамсол бошад, кайҳо собит шудааст ва пайомадҳои он низ маълум аст. Дар баробари ин идомаи анъанаҳои наҷиб ба мисли огоҳӣ аз ҳоли ҳамсоягони худ, ширкат дар ҳашарҳои дастаҷамъона, пурсидани ҳоли якдигар ва воқиф гаштан аз вазъи фарзандон мувофиқи мақсад буда, танҳо дар ҳамбастагии оилаву мактабу ҷомеа метавон дар шаклгирии насли ояндасоз комёб шуд.
Масъули сомона: Давронӣ С. Ш.