Зодрӯз бо ҳамсинфон ва “туҳфа”-и падар…

Шаҳрванд Шокиров Р.Д. истиқоматкунандаи шаҳри Исфара, Ҷамоати деҳоти Навгилем санаи 23-юми феврали соли 2019 соати 12.00 дар манзили истиқоматиаш зодрӯзи фарзандаш ноболиғ Шокиров Ҳ-ро дар доираи ҳамсинфонаш гузаронидааст, ки нисбаташ бо моддаи 481 қисми 1 Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон протоколи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ тартиб дода шудааст.

Дар асоси Қарори судяи суди шаҳри Исфара Абдуллозода М. аз санаи 30-юми апрели соли 2019 шаҳрванд Шокиров Р.Д. бо моддаи 481 қисми 1 Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон гунаҳгор дониста шуда, ба ӯ бо ин модда ҷазои ҷарима ба андозаи сад нишондиҳанда барои ҳисобҳо баробар ба 5500 сомонӣ ба фоидаи давлат таъин карда шуд.

Қарори мазкур эътибори қонунӣ пайдо намуда, ба иҷро расонида шудааст.