Ватан ҷоне, ки дар ҷони ману туст…

Ҳақ бар ҷониби гуфтаҳои бузургон аст. Ҳар фарди инсон аз рӯзи валодат, ки чашм бар олами ҳастӣ мекушояд ватандор аст. Зеро оғӯши гарми волидайн, дӯстдории атрофиён, насими форами ҳавои тозаи ватани маҳбуб ин далели худи ин аст.
Истиқлолияти ватани азиз як руҳу равони тоза аст барои ҳар соҳибдавлат.
Аммо ин истиқлолият ба осонӣ ба даст наомадааст. Барои ба даст овардани истиқлолият чӣ тазодҳое, чӣ мушкилотҳое, чӣ нобаробариҳое ва билохира чӣ хунрезиҳое халқи ҷафокашидаи тоҷик паси сар кард. Ватан тороҷу валангор аз дасти нохалафон, қурбонишудаи ҷони бегуноҳон, шаҳидгаштагони садҳо нафар ватандӯстон дар роҳи озодии ватан ва оқибат ба даст овардани озодиву истиқлолияти ватан.
Ин ватан бе ман тавонад ҷовидон будан вале,
Ман натвонам як нафас зинда бошам бе ватан.
Акнун назар меафканем ба гузашта ва имрӯзаи ватан, баъд аз истиқлолият ободии ватан, пешравиҳои ватан, соҳибихтиёрии ҳар фарди тоҷик ҳуқуқи баланди ҳар шаҳрвани Тоҷикистон ин аз баракати истиқлол аст. Сарҷамъи, субот, якдигарфаҳмӣ, муттаҳидӣ дар гирди пешвои миллат асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ президенти кишварамон мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ин боиси он аст, ки дар мамлакатамон сулҳу оромӣ пойдору ҳукумфармо мебошад. Ба қавли бузургонамон:
Аз аҳлӣ хезад зар,
Аз ноаҳлӣ дарди сар.
Ободии мулк, қомат афрохтани иншоотҳои бузург, мумфарш гардидани кӯчаву хиёбонҳо, қомат афрохтани муассисаву донишгоҳҳои замонавӣ, ки ин ҳама баракати истиқлолияти ватан аст. Мо имрӯз дар арсаи 31 солагии Истиқлолият қарор дорем ва мо ҷавонони давраи истиқололият ба шукргузори аз ин истиқлолият ва аз шахси оварандаи сулҳи тоҷикон Асосгузори сулҳу ваҳдати милли, мӯҳтарам Ҷаноби оли Пешвои муаззами миллат Эмомали Раҳмон ҳамаи кушишамонро ба харҷ медиҳем, ки доим ба ватани азизамон Тоҷикистон хизмат намуда, боз ҳам ба гулгул шукуфии ватанамон саҳмгузор бошем. Аз ин лиҳоз ба тамоми халқи тоҷик рӯзи истиқлолиятро муборакбод гуфта, ба ҳар як фарди тоҷик хонаи обод, сарбаландӣ ва пешравиҳоро орзумандам. Орзуи онро дорам, ки кишвари азизамон Тоҷикистон ҳамеша чун имрӯза гулгулшукуфон бошад.

Котиби маҷлиси судии
суди шаҳри Исфара: Шаҳобзода С.Ғ.