Ватан обод, дунё обод, зиндагӣ обод.

Ҳамватанони азиз! Аз он рӯзе, ки Ваҳдати миллии мо пойдор гашт 22 сол сипари шуд. Давоми 22 сол аст, ки мо ин Рӯзро ҳамчун Ид ҳар сол ҷашн гирифта, дастоварди бузурги миллат ҳисобида, гиромӣ медорем. Бо шарофати Ваҳдати миллӣ имрӯз дар Тоҷикистон тамоми соҳаҳои ҳаёти иҷтимоӣ, иқтисодиёти давлат, фарҳангу маданият ва ҳамкориҳои байналхалқӣ пеш рафта истодаанд, ки муваффақиятҳои ба даст омада далели ин гуфтаҳоянд.
Ватан ин хонаи умеди мост ва агар Ватан обод бошад, дунё обод, зиндагӣ обод мешавад.
Ватан ин тамоми дороии мо аст ва то вақте, ки Ватани мо тинҷу ором аст ҳаёт дар пешравӣ аст.
Мо ин рӯзҳои осударо ба осони ба даст наовардаем ва ҳамагон медонем, ки чи рӯзҳои пурдаҳшатро миллати мо аз сар гузаронид. Мо ҳазорҳо ҳазор ҷонҳои бародаронамонро қурбон карда то ин рӯзҳо расидаем. Шарофати фарзанди фарзонаи миллат, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон буд, ки саодат бароямон насиб гашт.
Барои ҳамин ҳар яки мо ҳамеша баҳри он кӯшиш намоем, ки ин саодати мо пойдор бимонад ва содиқона барои Ватан хизмат кунем.
Ҳамаи Шумоёнро бо Рӯзи Ваҳдати миллӣ табрику муборакбод гуфта, барои ҳар яки Шумо осмони соф, зиндагонии осуда ва пешравиҳоро дар тамоми корҳоятон таманно мекунам.
Бигзор Ваҳдати миллии Ватани мо ҷовидон бошад.

Бо эҳтироми ниҳоят афзун,
Раиси суди шаҳри Исфара: Ҳафиззода Т.М.