Ваҳдати миллӣ: асоси хушбахтии халқ ва муҳимтарин омили бақои давлат

Бисту ҳафтуми июни соли 1997 баъди музокироти тӯлонӣ ба хотири ҳифзи якпорчагии марзу буми кишвар, таъмини сулҳу субот, сарҷамъии миллат ва зиндагии ороми сокинони мамлакат Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ дар Тоҷикистон ба имзо расид, ки ин санади муҳим дар таърихи навини халқамон аз ҷумлаи асноди сарнавиштсоз ба ҳисоб меравад, зеро маҳз санади таърихӣ ба ҷанги таҳмилии шањҳрвандӣ хотима бахшида, барои оғози рушди давлатдории Тоҷикистони соҳибистиқлол ва ҳаёти орому осудаи мардуми он шароити мусоид фароҳам овард.
Аслан вожаи ваҳдат барои ҳар як миллат мафҳуми пурарзиш мебошад. Шояд дар дунё халқе ё миллате набошад, ки ин калимаро гиромӣ надорад. Агар дар ҳар замон ба ҳар гуна забон садо диҳад ҳам, аммо маънии ягонаро баён сохта, барои ҳама азизу муътабар аст. Дар тамоми давраҳои таърих халқи тоҷик маҳз бо ваҳдату фарҳанги воло бақои хешро таъмин кардааст. Вале дар замони соҳибистиқлолии кишвар ин вожа муҳимияти хосаро касб намуд. Ҳамрадиф бо истиқлолияти давлатӣ ҷанги таҳмилӣ шурўъ гардида, кишвар қариб ба вартаи нобудӣ расида, ҷомеа ба гуруҳҳо, маҳалҳо, созмонҳо тақсим шуда, сохторҳои давлатӣ фалаҷ гардиданд. Дар натиҷаи низоъҳои дохилїӣ даҳҳо шаҳру навоҳӣ, деҳаю шаҳракҳо хароб гардиданд, даҳҳо ҳазор одамон қурбон шуданд. Тоҷикистон сафинаеро мемонд, ки дар миёни чор дарё тахтабанд шуда буд ва роҳи халосӣ меҷуст.
Дар ин давраи фалокатбору хеле ҳассос, нимаи дуюми моҳи ноябри соли 1992 дар шаҳри бостонии Хуҷанд Иҷлосияи XVI Шўрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид ва дар ин иҷлосияи таърихӣ тақдири кишвар ҳал гардид. Хушбахтона, ақли солим ғолиб омада, вакилон бо бовариву эътиқоди том ба вазифаи Раиси Шўрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмонро интихоб карданд. Дар ҳамин иҷлосияи тақдирсоз Сарвари тозаинтихобшудаи давлат ба назди Парчами Тоҷикистон омада, онро бўсида, сидқан гуфт: «Ман ба хонадони шумо сулҳ меорам ва то охирин фирории иҷборӣ ба Ватан барнагардад, осуда нахоҳам буд!». Ҳамзамон иброз медорад, ки: «Ман барои амну амонии халқу Ватани азизам ҳозирам ҷони худро фидо кунам !». Мавсуф ин суханонро бо бовариву эътиқод ва самимона баён кард ва ба дили тамоми мардуми ба таҳлукаафтода тухми умед пошид. Мардуми шарифи Тољикистон худ дар ёд доранд, ки он замон меъёрҳои конститутсионӣ ва дигар қонунҳои амалкунанда поймол гардида, ҷинояткориву зўроварӣ ва қонуншиканӣ ба як рафтори муқаррарӣ табдил ёфта буд.
Дар чунин шароит роҳбарияти давлат бо эҳсоси масъулияти баланд барои ояндаи Ватан ва халқи Тоҷикистон дар назди худ вазифа гузошт, ки бо истифода аз тамоми роҳу воситаҳои имконпазир харчи зудтар фазои сулҳу оромӣ ва амнияти миллиро дар саросари мамлакат таъмин созад. Маҳз бо чунин нияти нек ва масъулияти ватандорӣ Роҳбари хирадсолори мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон кўшиш ба харҷ медоданд, ки ҳар як вохурии тарафҳои музокироти байни тоҷиконро ба хотири сулҳу субот ва фазои эътимоду боварӣ, сабру таҳаммул ва эҳтироми тарафайн сарф созад. Дар ҳамин замина миллати шарафманди тоҷик бори дигар ба ҷаҳониён собит намуд, ки дар ҳақиқат яке аз миллатҳои соҳибмаърифату мутамаддин ва хирадпешаву сулҳдуст мебошад ва қодир аст, ки дар марҳилаҳои таърихиву тақдирсоз роҳи ҳалли осоиштаи мушкилоти бамиёномадаро пайдо намояд. Аз баракати сулҳу ваҳдат мо имкон пайдо намудем, ки барои рушди ҳамаҷонибаи ҷомеа, густариши равандҳои демократӣ ва таъсиси институтҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ шароити зарурӣ муҳайё созем. Имрўз бидуни шакку шубҳа метавон гуфт, ки дар кишварамон барои рушди ҷомеаи шаҳрвандӣ на танҳо заминаҳои ҳуқуқӣ, балки ҳамаи имкониятҳои сиёсиву иқтисодӣ фароҳам оварда шудаанд. Ҳақ ба ҷониби Президенти мамлакат Эмомалӣ Рањмон аст, ки фармудаанд: «Бо дарназардошти он ки Ваҳдати миллӣ барои тамоми мардуми Тоҷикистон арзиши бисёр муқаддасу азиз ба ҳисоб рафта, асоси хушбахтӣ ва саодати халқамон мебошад, вазифаи ҳар шахси бедордилу огоҳ, худшиносу ватандўст аз он иборат аст, ки Ваҳдати миллиро чун омили муҳимтарини бақои давлату рушди ҷомеаи Тоҷикистон ҳифзу ҳимоят намояд ва онро чун дастоварди бузурги миллӣ пос дорад».
Таърих гувоҳ аст, ки марҳилаи ваҳдатофарӣ барои пешвои он Эмомалӣ Раҳмон марҳилаи осон набуд. Дар ин давраи душвор байни тарафҳои мухолиф зиёда аз бист музокироти расмӣ сурат гирифтааст, дар аксари он Ҷаноби Олӣ Эмомалӣ Раҳмон шахсан иштирок намуданд. Ў ҷон ба каф гирифта, бо ҷасорати ба худ хос борҳо ба Ҷумҳурии Исломии Авғонистон рафта, бо роҳбарони мухолифин вохўрӣ анҷом дод.
Халқи тоҷик табиатан тамаддунофар, ваҳдатпараст, таҳаммулпазир, сулҳпарвар, фарҳангдўст, озодхоҳ, бунёдкору созанда ва инсондўст ҳасту боқӣ мемонад. Сулҳу суботи тоҷикон ба ҷаҳониён мактаби сулҳофарини Сарвари давлати тоҷикон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро муаррифӣ намуд.
Мусаллам аст, ки кормандони мақомоти судӣ дар фаъолияти худ, пеш аз ҳама, талаботи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҳикистон, қонунҳои амалкунанда, дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти кишвар, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро, ки ҳангоми вохуриҳо бо кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ироа гардидаанд, сармашқи кори худ мекунанд. Имрўзҳо мо ҳамрадиф бо дигар кишрҳои ҷомеа вазифадорем, ки ҳадафу мақсад ва ғояҳои созандаву муттаҳидкунандаи Ваҳдати миллиро ба ҳар як шаҳрванд тарғиб кунем. Дар замири одамон арзишҳои волои инсонӣ – некию накукорӣ, фарҳангпарвариро ташаккул диҳем, онҳоро ба роҳи рост ҳидоят намоем. Барои тақвият ва устувории Ваҳдати миллӣ мебояд ҷавононро дар рўҳияи худогоҳиву ватандўстӣ, масъулиятшиносӣ, бунёдкориву созандагӣ тарбия кард. Пеши роҳи гаравидани онҳоро ба созмонҳои экстремистиву террористӣ гирем, бегонапарастиву тақлидкориро аз қалби онҳо берун созем. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зикр намуданд, ки Ваҳдати миллӣ омили муҳимтарини бақои миллат, ватандорӣ ва давлатдорӣ дар кишвари соҳибистиқлоламон мебошад. Дар раванди ҷаҳонишавӣ бештар аз пештар ба мо Ваҳдат, муттаҳидӣ, якдигарфаҳмӣ зарур аст.
Ҳамватанони азиз! Такя ба гуфтаҳои боло Шумоёнро бо ҷашни Ваҳдати миллӣ, рўзи ба имзорасии Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ дар Тоҷикистон табрик намуда, ба ҳар як хонадони мардуми шарифи Ватанамон — Тоҷикистони азиз, ободиву осоиш ва хушбахтиву хушрўзӣ таманно дорам.
Барои Ватани азизамон – Тоҷикистони соҳибистиқлол, сулҳу суботи абадӣ ва фазои орому пешрафт орзумандам.
Бигзор иттиҳоди миллати кўҳанбунёд, сулҳдўст ва фарҳангпарвари тоҷик поянда бод!

Судяи
суди шаҳри Исфара Бобоҷонзода Номвар Шодиқул