Ваҳдат, Истиқлолият ва Президент –  се неруи қавӣ ва кафили рушди Тоҷикистон

Ба Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон 28 сол пур мешавад. Давоми 28 соли сипаригардида кишвари мо ба бисёр дастоварду пешрафтҳо ноил гардид, ки дар саргаҳи ҳамаи ин комёбиҳо Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон истодаанд. Ин шахсияти нодири таърихӣ тавонистанд бо хиради азалии худ Тоҷикистонро аз вартаи нобудӣ наҷот, ваҳдати миллиро устувор ва кишварро ба сӯйи ояндаи дурахшон роҳнамоӣ намоянд.

Ҳамагон медонанд, ки баъди пошхӯрии Иттифоқи Шӯравӣ насибаи Тоҷикистон аз он он импераи муқтадир чизи короие набуд. Илова бар ин даргириҳои дохилии кишвар дар аввали солҳои навадум боиси он гардид, ки иқтисодиёти Тоҷикистон хароб ва рушди соҳаҳои хоҷагии халқ  ба даҳсолаҳо қафо монад. Аз рӯйи баъзе ҳисобҳо хисороти аз ин даргириҳои дохилӣ расонидашуда беш аз 7 миллиард доллари амрикоиро ташкил медоду сохтори  иқтисодӣ фалаҷ гардида буд. Аз Артиши Шӯравӣ бошад, ба Тоҷикистон қариб чизе нарасид.

Сарвари муаззами Тоҷикистон ҳанӯз 25 сол муқаддам дар Иҷлосияи таърихии XVI Шӯрои Олии Тоҷикистон ҳангоми Раиси Шӯрои Олӣ интихоб шуданашон мардонавор қавл доданд, ки «Ман то охирин гурезаро ба Ватан барнагардонам , худро ором ҳис карда наметавонам «.

Аз баландии 25 соли сипаришуда ба ин суханон ва то кадом андоза амалигашти онҳоро дида, бо боварии том метавон гуфт, ки Сарвари муаззамамон натанҳо охирин гурезаро баргардониданд, балки таҳти фаъолияти он кас Тоҷикистон ба яке аз кишварҳои тараққикардаистода табдил ёфта истодаасту дар арсаи ҷаҳонӣ мавқеи хоса дорад. Борҳо шудааст, ки хизматҳои ин фарзанди фарзонаи миллатро ба ҳисоб гирифта, кору пайкорашонро бо кӯшишҳои Авраам Линколну Шарл де Гол ва Камол Отатурк ҳампоя донистаанд. Аммо андеша дорам, хизматҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз хизматҳои шахсиятҳои дарболо зикрашонрафта дар масири таърих ба маротиб зиёд аст. Зеро Линколну Де Гол ва Отатурк ба он кишварҳое роҳбарӣ кардаанд, ки мутараққӣ буданд, дар бунбасти коммуникатсионӣ қарор надоштанд ва роҳҳои мустақими баромадан ба бозори ҷаҳониро доштанд. Тоҷикистони мо бошад, танҳо туфайли заҳмати Пешвои миллат зина ба зина дастёб шуда истодааст, ки барои худ роҳ ба сӯйи бозорҳои ҷаҳонӣ кушояд. Қисмати ҷанубу шимоли кишвар ба ҳам пайваст гардад. Тоҷикистон ба истиқлолияти комили энергетикӣ, озуқаворӣ аз ҳарвақта дида наздиктар шавад.

Саҳми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон на танҳо дар рушди соҳаи иқтисодиёту саноат ва хоҷагии халқ назаррас аст, балки мактаби Пешвои миллатамон дар самти қабули қонунҳо низ мояи омӯзиш ба ҳисоб меравад. Ин давлати Тоҷикистон аст, ки беҳтарин қонунҳоро дар замони муосир қабул карда истодааст, то ҳимояи мардум беҳтар ва таъминоти иҷтимоии онҳо хубтар бошад. Дур намеравем, ду қонуне, ҳама рӯза бо он ҳар фарди ҷомеа кор мегирад, бевосита бо ташаббуси Сарвари муаззамамон рӯйи кор омадаанд. Ин ҳам бошад, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд” ва Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳои миллӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” мебошад.

Ҳамаи мо ба хубӣ огоҳем, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо истифода аз ҳуқуқи ташаббуси қонунгузории худ тағйиру иловаҳоро ба як қатор қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар заминаи Қонун “Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” пешниҳод карда буданд. Ҳамаи ин бори дигар далел аз ғамхории Президент дар ҳаққи сокинони кишвар ва мардуми оддист ва аз ҷониби дигар баландбардории дараҷаи масъулиятшиносии хизматчиёни давлативу роҳбарон ва аҳли ҷамоатчигӣ мебошад. Ҳоло кишваре чун Қирғизистон талош дорад ин гуна қонунҳоро дар ҷомеаи шаҳрвандӣ пиёда созад ва таҷрибаи Тоҷикистонро сарчашмаи амали худ қарор додааст.

Аз ҷониби дигар мулоқотҳои мунтазами Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳамаи табақаҳои ҷамъият ва дар шаҳру навоҳии гуногун нишон аз он дорад, ки Президенти мо мудом дар байни халқанд, зеро аз байни мардум баромадаву чӣ будани зиндагии сокинони кишварро ба хубӣ медонанд. Инчунин ташаббусҳои қонунгузории он кас нишон медиҳад, ки омӯхтан аз худу ҳамтоёни худ, аз таҷрибаҳои пешқадами ҷаҳони муосир шиори доимии Пешвои миллатамон мебошад. Як нуктаро низ хосатан зикр бояд, ки ҳамон кас мудом аз пайи омӯхтан ва қабули қарорҳои дахлдори ба нафъи халқ нигаронидашуда аст, ки фитрати азалии Пешворо дорад. Ин гуна фитрати азалӣ дар чеҳраи Президенти кишварамон ба хубӣ ҳувайдост. Агар чунин намебуд, Тоҷикистон наметавонист дар давоми 26 соли Истиқлолияти давлатӣ ба комёбиҳои назаррас ноил шавад.

Гузашта аз ин Сарвари давлат натанҳо нисбат ба рушди Тоҷикистон, балки дар пешрафти ҷаҳони мусоир нақши муассир доранд. Аз ҷониби Маҷмааии Созмони  Миллали Муттаҳид дастгирӣ ёфтани ташаббуси Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон “Даҳсолаи амал 2018-2028 “Об барои рушди устувор”  далели равшани ин гуфтаҳост. Зеро Пешвои миллатамон ба хубӣ дарк мекунанд, ки манбаи ҳамаи пешрафтҳо ин таъмини аҳолии сайёра бо оби нӯшокӣ буда, танҳо ба ин васила метавонад башарият пешорӯйи хатарҳои ҷиддии иҷтимоӣ истодагарӣ намояд. Ин иқдом бори дигар нишон медиҳад, ки Пешвои мо мушкилоти глобалии нарасидани оби нӯшокӣ дар сайёра ва талқини ғояи ҳамкории созанда дар ҳалли масъалаҳои марбут ба обро яке аз ҳадафҳои берунаи сиёсати сатҳи ҷаҳонии Тоҷикистон қарор додаанд ва баҳри расидан ба он талошҳои пайгиронаву созанда доранд.

Ё худ борҳо шудааст, ки Сарвари давлати Тоҷикистон аз минбарҳои баланди созмонҳои бонуфуз ҷаҳониёнро аз хатари терроризму экстремизм ҳушдор дода, дину оин надоштани террористонро таъкид намудаанд ва роҳи наҷот аз ин вабои асрро дар ҳамкориҳои ҳампоя бар зидди ин хатари ҷаҳонӣ маънидод намудаанд.  Нақши аҳли ҷамоатчигиро дар ин масъала хеле муҳим арзёбӣ намуда, даъват ба он овардаанд, ки ҷомеа нисбат ба фарзандони худ ва тарбияи наслҳои минбаъда бетараф набошад. Тарбияи ҷавонон дар рӯҳияи меҳанпарастиву аҷргузорӣ ба муқаддасоти милливу давлатӣ бояд шиори амали ҳар яки мо маҳсуб ёбад. Маҳз дар ин росто соли 2017 аз тарафи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Соли ҷавонон эълон гардидааст. Эълон гардидани ин сол натанҳо маънои тарбияи кадрҳои ҷавон ва ба вазифаҳои роҳбарикунанда мондани онҳо, балки маънои тарбияи ҷавонони ояндасозии миллатро дорад ва ин болои ҳар яки мо бори дигар масъулияти ҷомеаи шаҳрвандиро зиёдтар менамояд.

Яъне бо маънои том метавон гуфт, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон шахсияте таърихӣ ва дорои фитрати азалӣ, ки ҳар пешрафти Тоҷикистон, дастовардҳои он бо ному насаби ин чеҳраи мондагори башарият сахт марбут аст. Аз ин ҷо метавон бо дилпурӣ гуфт, ки се чиз боиси сулҳу субот, пешрафту шукуфоӣ ва дастовардҳои беназири Тоҷикистони азизи мо мебошад: Ваҳдат, Истиқлолият ва Президент. Ин се вожаест, ки ҳар яке дигареро пурратару комилтар менамояд ва сутуни давлату давлатдории кишвари мо дар ин се поя қарор дорад.

Бинобар ин вазифаи инсонӣ ва шаҳрвандии мо он аст, ки ҳар яке дар соҳаҳои худ барои пешбурди кишвар хиштеро гузорем. Ҳамчун шаҳрванди қатории Тоҷикистон барои ободии оила, кӯча, деҳа, шаҳр ва мамлакатамон саҳмгирӣ намоем. Ҳадди ақал талош намоем, ки оилаамон обод бошаду хонадонамон тинҷу осуда. Зеро агар Ватан аз гаҳвора сар шавад, ободии он низ аз хонадони ҳар яки мо сарчашма мегирад. Бинобар ин моро зарур аст, ки дар қатори таҳкими давлатдорӣ инчунин дар ободии оилаамон саъй намоем, зеро аз зарраҳои хурди оиладориамон давлатдориамон аён хоҳад гашт. Фарзандонамонро дар рӯҳияи меҳанпарастӣ соҳиби ихтисосҳои барои хоҷагии халқ зарурӣ гардонем. Барои ин тамоми имкониятҳо аз ҷониби Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон муҳайё карда шудааст.

Дар охир мехоҳам бори дигар аз суханони Сарвари муаззами тоҷикистониён ёдовар шавам, ки гуфтаанд:  “Мардуми Тоҷикистон равшан дарк намуданд, ки танҳо дар фазои сулҳу ваҳдати миллӣ ва тавассути заҳмати ватандӯстона метавон давлати тозаистиқлоли хешро ба мамлакати ободу пешрафта мубаддал гардонид ва барои наслҳои оянда як кишвари воқеан мутараққӣ ва мутамаддинро ба мерос гузошт.

Комилҷон ҒАНИЗОДА, судяи суди шаҳри Исфара.