Табрикоти Раиси суди шаҳри Исфара ба муносибати рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон

Саҳифаҳои китоби таърихи мардуми тоҷик паиҳам навишта пушти сар шуда истодаанд. Имрӯз аллакай аз вақти қабул шудани Конститутсияи Ҷумҳурии соҳибистиқлоли Тоҷикистон 25-сол сипари шудааст. Дар назар чанд рӯз пеш буд, ки ҳама дар талоши таҳияи лоиҳа ва қабули Конститутсия буданд. Гузашти босуръати вақт ва рӯз аз рӯз дигар шудани муносибатҳои ҷамъиятӣ, васеъ гаштани имкониятҳо дар баробари он талаботҳо, аҳамияти ҳуқуқии муқарраротҳои ин қонуни асосии давлат дар танзими онҳо бештар намоён гашта истодаанд. Аз ин ҷост, ки бо дарки ҳамаи ин ҳолатҳо баҳри таъмини шароити арзанда ба мардум дар ҳамаи самтҳои ҳаёти ҷомеа давоми 25- сол ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон се маротиба тағйироту иловаҳо ба тариқи раъйпурсии умумихалқӣ ворид карда шудааст. Тағйиру иловаҳои воридшуда ҳам айни муддао ва бо назардошти тамоми паҳлӯҳои зиндагонии халқи тоҷик мебошад.
Моҳият ва зарурияти қабули Конститутсияи амалкунандаи имрӯза, муқарраротҳои он, арзишҳои ҳуқуқии дар он овардашуда, аҳамияти он дар пешрафти давлатдорӣ ва таъмину волоияти қонуну тартиботи ҳуқуқӣ, идоракунии сохторҳои давлатӣ ва ташкили фаъолияти механизми давлат, кафолати ҳифзу ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, уҳдадориҳои конститутсионӣ, тағйироту иловаҳои ба он воридкарда, қадамҳои бузурги пешбарандаи миллати тоҷик буданд.
Санаи 6-уми ноябри соли 1994 дар таърихи давлати соҳибистиқлоли Тоҷикистон саҳифаи наве оғоз ёфт, ки он дар ҳаёти минбаъдаи мардуми тоҷик ва рушди давлатдории навини миллии мо нақши сарнавиштсоз дорад.
Таҳия, муҳокима ва қабули Конститутсияи давлати соҳибистиқлоли Тоҷикистон дар асл баъди иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон шурӯъ гардида, ҳамчун натиҷаи татбиқи қарорҳои таърихии он сурат гирифтааст.
Халқи Тоҷикистон Конститутсияро якдилона қабул намудааст ва инро натиҷаи раъйпурсии умумихалқӣ исбот мекунад. Дар ҳавзаҳои овоздиҳи 2685724 нафар шаҳрвандон ба рӯйхат гирифта шуда, 2535437 нафар шаҳрвандон ё худ 94.4 фоиз иштирок варзида, 87.59 фоиз ба тарафдории Конститутсия овоз додаанд.
Мазмуни Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон соли 1994 давраи ҳозираи барпоёбии давлати соҳибихтиёри Тоҷикистон ва хусусиятҳои он, ҳолати ҳуқуқии инсон ва шаҳрванд, вазъи ҳуқуқии ВМКБ ва сохтори марзию маъмурии Тоҷикистон, низом, тарзи ташкилёбӣ ва фаъолияти мақомоти давлатии ҷумҳуриро инъикос мекунад.
Дар асоси тасдиқ шудани Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ, ки масъалаҳои ҳаётан муҳими ҷомеа ҳал шуда буд ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон низ пешбини шуда буд.
Ҳама навовариҳои Конститутсиони барои пойдору устувор гардидани сулҳу субот ва ваҳдати миллӣ, оғози раванди татбиқи ҳадафҳои стратегии давлат, аз ҷумла таъмини истиқлолияти энергетикиву озуқаворӣ, аз бумбасти комуникатсионӣ раҳои бахшидани кишвар ва баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагонии мардум шароити мусоид фароҳам овард.
Дар охир ҳамаи Шумо ҳамкасбон ва тамоми мардуми Тоҷикистонро бо рӯзи қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон табрику муборак бод гуфта, барои ҳамаи Шумо осмони соф ва сулҳу оромиро таманно мекунам. Бигузор сулҳу Ваҳдати Ватани маҳбуби мо ҷовидон бимонад ва мардумаш ҳамеша зиндагонии осуда дошта бошад. Хоҳиш мекунам, ки ҳамагон пурарзишии ин санади муҳими давлат Конститутсияро дарк карда онро риоя ва эҳтиром намоянд.

Бо эҳтиром,
Раиси суди шаҳри Исфара: Ҳафиззода Т.М.