Шаҳодатномаи таваллуд…

Шаҳрванд Ҳомидова Таҳсидахон талаботи сархати 2 моддаи 8-и Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд” таҳти №762 аз 02.08.2011-ро вайрон намуда бо ин кирдораш ҳуқуқвайронкунии маъмурии дар моддаи 90 Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбини шударо содир намудааст, ки мувофиқи он падару модар уҳдадоранд барои фарзанди ноболиғашон дар муҳлати дар қонун пешбини шуда аз қайди давлати сабти асноди ҳолати шаҳрванди гузаронанд, шаҳодатномаи таваллуд нагирифтааст.
Дар мурофиаи судӣ ҳуқуқвайронкунанда Ҳомидова Таҳсидахон худашро гунаҳгор ҳисобида ба суд баён кард, ки ин ҳолат аз сабаби беаҳмиятии ӯ ба миён омадааст, ки дар ҳақиқат ӯ ӯҳдадориҳояшро дар тарбияи фарзанди ноболиғаш иҷро накарда, дар муҳлати дар қонун пешбини шуда пас аз таваллуди фарзандаш аз қайди САҲШ нагузаронида, шаҳодатномаи таваллуд нагирифтааст. Аз ин кирдори содирнамудааш сидқан пушаймон мебошад ва минбаъд таълиму тарбияи фарзандашро зери назорат мегирад.
Бо қарори судяи суди шаҳри Исфара Абдуллозода М. аз санаи 9-уми июни соли 2021 ҳуқуқвайронкунанда Ҳомидова Таҳсидахон бо моддаи 90 Кодекси хуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон гунаҳгор дониста шуда ба ӯ дар асоси ин модда ҷазои ҷарима ба андозаи се нишондиҳанда барои ҳисобҳо баробар ба 180 сомонӣ ба фоидаи давлат таъин карда шудааст.
Қарори суд эътибори қонунӣ пайдо намуда ба иҷро расонида шудааст.

Масъули сомонаи суд: Давронӣ С.Ш.