РӮЗИ ПАРЧАМИ МИЛЛӢ МУБОРАК, ҲАМДИЁРОН!

Бо камоли эҳтиром ва самимияти афзун ҳамаи шумоёнро бо санаи барои ҳар яки мо азизу муқаддас – Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон табрику муборакбод намуда, бароятон саломатӣ, сарбаландӣ ва рӯзгори пурсаодатро орзу менамоям. Парчами давлатӣ нишони ифтихор ва сарбаландии миллат аст. Ҷумҳурии Тоҷикистон чун давлати соҳибистиқлол дорои Нишон, Суруди миллӣ, Парчам, Конститутсия, забони давлатӣ ва пойтахти худ – шаҳри ҳамешасабзу ҷавон – Душанбе аст, ки эҳтироми он қарзи ҳар як сокини ватандори кишвар аст.
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат бо фармони худ аз 20-уми ноябри соли 2009 рӯзи 24-уми ноябрро Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон эълон доштанд. Натиҷаи ҳамин фармон буд, ки 30-юми августи соли 2011 дар маркази шаҳри Душанбе Парчами давлатии Тоҷикистон бо баландии 165 метр парафшон гардид, ки дар замири ҳар як фарди тоҷик эҳсоси ифтихор аз ватану ватандориро боло мебардорад.
Тавре Пешвои муаззами миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зикр кардаанд: “Парчами миллӣ ифодагари иқболу истиқлол, нангу номус, ватандӯстию ватанпарастӣ ва ҳуввияти миллии мардуми куҳанбунёду фарҳангии мо мебошад.”
Боиси шарафмандии мост, ки имрӯз Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар пештоқи биноҳои бонуфузтарин созмонҳои байналмилалию умумиҷаҳонӣ, ки кишвари мо бо онҳо узвият дорад, парафшонӣ мекунад. Ин амал шаҳодати он аст, ки кишвари мо рӯз аз рӯз дар миқёси ҷаҳон нуфузи бештар ёфта истодааст, ки боиси ифтихори тоҷикони дунё мебошад.
Таҷлили Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон чун нишони садоқати имрӯзиён ба анъанаҳои қаҳрамононаи авлоду аҷдоди сарбаланд, арҷгузорӣ ба арзишҳои умумимиллӣ арзёбӣ мешавад ва он барҳақ, таҷассумгари мақсаду мароми мо дар роҳи эъмори давлати демократии ҳуқуқбунёду дунявӣ мебошад.
Бори дигар Шумо, ҳаммиллатони азизро бо таҷлили Рӯзи Парчами давлатӣ сидқан муборакбод мегӯям, бароятон дар роҳи хизматҳои шоиста ба Ватани маҳбуб, ки Тоҷикистон ном дорад барору пешравиву пирӯзиҳо хоҳонам.
Рӯзи Парчами миллӣ муборак, ҳамдиёрон!
Судяи суди шаҳри Исфара: Бобоҷонзода Н.Ш.