Пушаймонии модар…

Шаҳрванд Шукурова Мӯъмина Икромовна талаботи моддаи 8-и Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд” таҳти №762 аз 02.08.2011-ро вайрон намуда бо ин кирдораш ҳуқуқвайронкунии маъмурии дар моддаи 90 Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбини шударо содир намудааст, ки мувофиқи он падару модар уҳдадоранд барои фарзанди ноболиғашон дар мӯҳлати дар қонун пешбинӣ шуда аз қайди давлатии сабти асноди ҳолати шаҳрванди гузаронанд, ба фарзанди хурдсолаш, ки санаи таваллудаш 10-уми ноябри 2013 сол мебошад то ҳол аз қайди САҲШ нагузаронида, шаҳодатномаи таваллудро нагирифтааст.
Дар мурофиаи судӣ ҳуқуқвайронкунанда Шукурова Мӯъмина Икромовна худашро гунаҳгор ҳисобида ба суд баён кард, ки ин ҳолат аз сабаби беаҳмиятии ӯ ба миён омадааст, ки дар ҳақиқат ӯ ӯҳдадориҳояшро дар тарбияи фарзанди ноболиғаш иҷро накарда, дар муҳлати дар қонун пешбини шуда пас аз таваллуди фарзандаш аз қайди САҲШ нагузаронида, шаҳодатномаи таваллуд нагирифтааст аз ин кирдори содирнамудааш сидқан пушаймон мебошад.
Бо қарори судяи суди шаҳри Исфара Раҳимзода А.А. аз санаи 10-уми марти соли 2021 ҳуқуқвайронкунанда Шукурова Мӯъмина Икромовна бо моддаи 90 Кодекси хуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон гунаҳгор дониста шуда ба ӯ дар асоси ин модда ҷазои ҷарима ба андозаи се нишондиҳанда барои ҳисобҳо баробар ба 180 сомонӣ ба фоидаи давлат таъин карда шудааст.
Қарори суд эътибори қонунӣ пайдо намуда ба иҷро расонида шудааст.

Масъули сомонаи суд: Давронӣ С.Ш.