ҚОНУНИ  ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ ТАНЗИМИ АНЪАНА ВА ҶАШНУ МАРОСИМҲО ДАР ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

 

Қабули ҚОНУНИ  ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ ТАНЗИМИ АНЪАНА ВА ҶАШНУ МАРОСИМҲО ДАР ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН”,  ки  бо ташаббуси бевоситаи Асосгузори сулҳу ваҳдати Милли, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба вуқӯъ пайваст, воқеан дар таърихи қонунгузории кишвар ҳодисаи бемислу хотирмон буда, иқдоми навбатии давлати тозаистиқолол дар бунёди ҷомеаи шаҳрвандию давлати ҳуқуқист, ки заминаи онро арзишҳои миллӣ ва динӣ ташкил медиҳанд.

Қонуни мазкур аз 4 боб ва 16 модда иборат мебошад, ки 8 июни соли 2007 таҳти №273 мавриди амал қарор дорад.

Чи тавре, ки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон таъкид намуданд : “зоҳирпарастиву исрофкорӣ ва риояи ноогоҳонаи анъана ва расму оинҳои халқиву динӣ дар навбати худ садди роҳи баланд гардидани сатҳи зиндагии аҳоли мебошад”.

Мақсади Қонуни мазкур аз ҳимояи манфиатҳои иҷтимоии мардуми Тоҷикистон, мусоидат барои паст кардани сатҳи камбизоатӣ ва гирифтани пеши роҳи хароҷоти зиёдатӣ, ки ба манфиатҳои иқтисодӣ ва фазои маънавии ҳаёти шаҳрвандон зарари ҷиддӣ ворид менамоянд, иборат аст. Қонун ҳамчунин барои таъмини ҳуқуқу озодиҳои шаҳрвандон ва тартиботи ҷамъиятӣ равона карда шудааст.

Яке аз механизмҳои ба ҳаёт татбиқ намудани кафолатҳои зикршуда ин қабули ҚОНУНИ  ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ ТАНЗИМИ АНЪАНА ВА ҶАШНУ МАРОСИМҲО ДАР ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН” мебошад, ки вазифаи Қонуни мазкур танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар асоси дастовардҳои фарҳанги миллӣ  ва тамаддуни ҷаҳонӣ мебошад.

Мутобиқи моддаи 15-и қонун шахсоне, ки талаботи ҳамин Қонунро вайрон мекунанд, мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҷавобгарӣ кашида мешаванд.

Моддаи 481 Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Точикистон ҷавобгари ва ҷазоро барои риоя накардани тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо пешбини намудааст.

Дар баробари ин, барои риоя накардани муқаррароти ҚОНУНИ  ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ ТАНЗИМИ АНЪАНА ВА ҶАШНУ МАРОСИМҲО ДАР ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН танҳо дар се моҳи аввали соли 2019 ба суди шаҳри Исфара 10 адад парвандаҳои ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ бо моддаи 481 КҲМ Ҷумҳурии Тоҷикистон ворид гардида, таҳти баррасӣ қарор дода шудаанд.

Аз ҷониби судяҳои суди шаҳри Исфара бобати фаҳмонидани моҳият, шарҳу фасл ва иҷроиши Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон”, ташкил ва гузаронидани суҳбату вохӯриҳо бо мардум, андешидани тадбирҳои мушаххас ҷиҳати пешгирии ҳуқуқвайронкунӣ дар ин самт дар маҷлисҳои сайёри судӣ мавриди баррасӣ қарор дода, корҳои фаҳмондадиҳӣ бурда шудааст.

 

Комилҷон ҒАНИЗОДА, судяи суди шаҳри Исфара.