Конститутсия кафили ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд

Баъди ба даст овардани Истиқлолияти давлатӣ халқи тоҷик санаи 6-уми ноябри соли 1994 тариқи раъйпурсии умумихалқӣ Конститутсияи давлатдории худро қабул намуд, ки ин воқеъаи таърихию сарнавиштсоз дар бунёд ва ташаккули давлатдории демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва ягона заминаи мусоид гузошт.
Конститутсияи қабулнамудаи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар баробари муайян кардани асосҳои сохтори конститутсионӣ, сохт ва шакли давлатдорӣ, низоми ҳокимияти давлатӣ ва дигар падидаҳои ҷамъиятию сиёсӣ, озодӣ ва ҳуқуқи шахсро муқаддас шуморида, инсон, ҳуқуқ ва озодиҳои ӯро арзиши олӣ эътироф намуд, ки дар сатҳи Конститутсия мустаҳкам кардани чунин меъёрҳои фарогир ҷиҳати маром, ташаккул ва бунёди давлатдории демократию ҳуқуқбунёд ва ҷомеаи шаҳрвандӣ ин санади олии ҳуқуқиро кафили ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд гардонид.
Сарчашмаи асосӣ ва кафили ҳифзнамоии ҳуқуқ, озодиҳои инсон ва шаҳрванд маҳз Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳисоб рафта, дар он бевосита амали шудани ҳуқуқ, озодиҳои инсон ва шаҳрванд мустаҳкам карда шудааст. Чунин мустаҳкамкунӣ ва бевосита амали шудани ҳуқуқ, озодиҳои инсон ва шаҳрванд мақсад, мазмун ва татбиқи қонунҳо, фаъолияти ҳокимияти қонунгузор, иҷроия, мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ва худидоракуниро ташкил намуда, ҷиҳати таъмин намудани ин ҳуқуқу озодиҳо ҳокимияти судӣ муайян карда шудааст.
Қисмати асосии боби дуюми Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон маҳз ба ҳуқуқ, озодиҳои инсон ва шаҳрванд бахшида шуда, дар он кафолатҳои конститутсионӣ дар масъалаҳои шаҳрвандӣ, дар хориҷи кишвар таҳти ҳимояи давлат қарор доштани шаҳрвандон, баробарии ҳама дар назди қонун ва суд, баробарҳуқуқии мардон ва занон, ҳуқуқ ба ҳаёт доштан, дахлнопазирии шахс, кафолати ҳифзи судӣ доштан, аз ёрии адвокат истифода бурдан, эҳтимолияти бегуноҳӣ, кафолати ҷуброни зарар, дахлнопазирии манзил, маҳрамияти мукотиба, ҳуқуқи интихоби озоди маҳалли зист, пайравии дин, иштирок дар ҳаёти сиёсӣ ва идораи давлатӣ, ҳуқуқи муттаҳид шудан, озоди сухан, ҳуқуқи муроҷиат ба мақомоти давлатӣ, соҳиби моликият ва мерос будан, ҳуқуқ ба меҳнат, интихоби касбу кор, ҳифзи меҳнат ва ҳимояи ичтимои доштан, ҳуқуқ ба манзил, ҳуқуқи истироҳат, ҳифзи саломатӣ ва ҳуқуқи таҳсил доштан мустаҳкам карда шудаанд.
Махсусияти дигари кафолат доштани ҳуқуқ, озодиҳои инсон ва шаҳрванд дар сатҳи Конститутсия дар он зоҳир мегардад, ки ҳомии ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд маҳз Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳисоб меравад, ки амалишавии кафолатҳои конститутсионии ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрвандро боз ҳам мустаҳкам мегардонад.
Дар ин асно метавон пешниҳоди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар бораи қабул намудани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи авф”-ро аз санаи 25-уми октябри соли 2019 таҳти №1648 ба муносибати 25-солагии қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон метавон қайд намуд. Ҷиҳати амалӣ намудани принсипи инсондӯстӣ ба муносибати 25-солагии қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо қарори худ аз санаи 25-уми октябри соли 2019 таҳти №1463 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи авф”-ро қабул намуд, ки Қонуни мазкур нисбати зиёда аз 20 ҳазор нафар гумонбаршудагон, айбдоршавандагон, судшавандагон ва маҳкумшудагон татбиқ мегардад, ки ин иқдоми Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз сиёсати инсондӯстона доштан ва ҳомии ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд будани Сарвари давлати тоҷикон шаҳодат медиҳад.
Аз лаҳзаи қабул гардидани Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд бевосита амалӣ гардида, ҳокимияти судӣ дар таъмин намудани ин ҳуқуқу озодиҳо ҷиҳати иҷро намудани ваколатҳои конститутсионии худ нақши босазо гузошта, ҳамарӯза дар фаъолияти кории худ кӯшиш ба харҷ дода истодаанд, ки дар доираи талаботҳои қонунгузорӣ ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд дар сатҳи зарурӣ ва ҷойдошта ҳифз карда шавад.
Имрӯз мо халқи шарафманди тоҷик дар арафаи ҷашнгирии 28-умин солгарди қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор дорем. Аз фурсати муносиб истифода намуда ҳамаи шаҳрвандони шарафманди Ҷумҳурии Тоҷикистонро ба ин санаи фархунда ва таърихию сарнавиштсоз табрик намуда, барояшон Ваҳдат ва Истиқлолияти давлатии абадӣ, рӯзгори накӯ, зиндагии обод ва ҳаёти осоиштаро таманно мекунам.

Пристави судии
суди шаҳри Исфара: Давронӣ С.Ш.