КОНСТИТУТСИЯ КАФИЛИ ҶОМЕАИ ОСОИШТА

Имсол аз қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон 25 сол сипарӣ мешавад, ки ин баҳри ҳар як фарди комилҳуқуқи ҷомеа боиси сарфарозиву шодмонист.
Конститутсия ҳимояи ҳуқуқу озодиҳои инсонро таъмин намуда муқаррар намудааст, ки тамоми қонуну санадҳои амалкунанда дар асоси меъёрҳои он қабул ва амалӣ мегарданд.
Принсипи зерин ба он мусоидат месозад, ки муҳити ба ҳамдигар алоқаманди ҳуқуқӣ таъмин бошад. Чунин ягонагӣ дар пешбурди ҳаёти сиёсиву иқтисодӣ, фарҳангиву ичтимоиёти кишвар ҳамзамон дар таъмини ҳуқуқ ва озодиҳои инсон ва шаҳрванд нақши аввалиндараҷа дорад.
Баробари ин Конститутсия тартиби таъсис ва салоҳияти мақомоти олии давлатӣ ва сохторҳои маъмуриву ҳудудии давлат, мақомоти марказӣ ва маҳаллии ҳокимияти давлатиро низ мураттаб гардонидааст.
Қабул намудани Конститутсия Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар арсаи байналхалқӣ чун давлати демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва ягона муаррифӣ намуд.

Судяи
Суди шаҳри Исфара: Абдуллозода М.