Конфренсия бахшида ба “Рӯзи Модар”

Бо мақсади таъмини иҷрои супориши Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон санаи 5-уми марти соли 2020 дар бинои суди шаҳри Исфара ҷаласаи тантанавӣ — Конфренсия бахшида ба “Рӯзи Модар” бо иштироки занони фаъол ва собиқадорони меҳнат баргузор гардид.
Конфренсияро роҳбарияти суд бо баромади табрикотии худ ҳусни оғоз бахшида, ҳамаи иштирокдоронро ба муносибати ҷашни фархунда “Рӯзи Модар” табрик намуда, дар анҷом онҳоро аз номи Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо туҳфаҳои хотиравӣ қадрдонӣ намуд.
Ҳамчунин, дар конфренсия собиқадори меҳнат, зани фаъол, собиқ депутати Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, иштирокчии бевоситаи сесияи 16-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд, ходими давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон Гулафзо Савридинова ҳамаи иштирокдоронро ба муносибати ҷашни фархунда “Рӯзи Модар” табрик намуда, миннатдории худро ба Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои дастгирии ҳаматарафаи занону модарон баён намуд.
Конфренсия бахшида ба “Рӯзи Модар” дар фазои идона баргузор гардид.

Масъули сомона: Давронӣ С.Ш.