КИТОБИ САРНАВИШТСОЗИ МИЛЛАТ

Ҳамасола халқи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷашни фархундаи қабул гардидани Қонуни асосӣ ва ҳуҷҷати сарнавиштсози худ – Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистонро бо як ҷаҳон фараҳу шодӣ таҷлил мекунад.
Конститутсия тартиботи асосии ҳуқуқии ҳаёти ҷомеа буда аз ҷиҳати мазмуни худ қонуни асосии мамлакат мебошад. Вай поягузори давлати соҳибистиқлол, ҳуқуқбунёд, демократӣ, ягона ва иҷтимоии Тоҷикистон буда, системаи принсипҳои асосии бунёди давлат дар боби аввали Конститутсия асосҳои сохтории он муқаррар шудааст. Он тамоми соҳаҳои ҳаёти ҷамъиятӣ, сиёсиву ҳуқуқӣ, иқтисодиву ичтимоӣ, фарҳангиву идеологӣ ва соҳаи байналхалқиро дар бар мегирад. Аз ҷумла, дар соҳаи сиёсии ҳуқуқӣ он фарогири принсипи ҳокимияти халқӣ (моддаи 6), принсипи волоияти қонун ва озодии инсон (моддаи 5), принсипи тақсимоти ҳокимият (моддаи 9) мебошад.
Дар соҳаи иқтисодӣ – иҷтимоӣ бошад, принсипҳои гуногунӣ ва баробарии шаклҳои моликият (моддаи 12), самти иҷтимоии сиёсати давлат (моддаи 1, қисми 2) инъикоси худро ёфтаанд.
Тибқи Конститутсия дар соҳаи фарҳангию мафкуравӣ принсипҳои гуногунии мафкуравӣ (моддаи 8, қисми 1), ҷудо будани мафкура аз давлат (моддаи 8, қисми 2) татбиқ мегарданд. Шоистаи тазаккур аст, ки дар ин ҳуҷҷати сарнавиштсоз дар соҳаи байналхалқӣ принсипҳои ошкоро будани системаи ҳуқуқии Тоҷикистон нисбат ба принсип ва меъёрҳои байналхалқӣ (моддаҳои 10 -11) муайян мешаванд.
Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дастовардҳоеро ба давлату миллати тоҷик дод, ки онҳо баҳри ташаккули давлати соҳибихтиёр, демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва ягона арзиши хосаеро доро мебошанд. Дар қатори онҳо ин дастовардҳоро дар кишвари азиз ном бурдан мумкин аст:
Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Ваҳдати миллиро эҳё намуда, ба волоияти хокимияти давлатӣ замина гузошт. Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳокимияти конститутсиониро эҳё намуд.

Судяи суди шаҳри Исфара: Бобоҷонзода Н.Ш.