Холаи “меҳрубон”…

Шаҳрванд Умарова М.Б. санаи 24-уми августи соли соли 2019 соати 13:00 дар ошхонаи “Дидор”-и Ҷамоати деҳоти Навгилеми шаҳри Исфара маъракаи муборакбодии фарзанди хоҳараш Мухбира ва фарзанди бародараш Дилафрузро бо иштироки меҳмонон ва додани таом гузаронидааст, ки ин кирдори ӯ хилофи талаботи моддаи 10 сархати 2 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи танзиму анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” ба ҳисоб меравад.
Дар мурофиаи судӣ ҳуқуқвайронкунанда Умарова М.Б. баён намуд, ки дар ҳақиқат санаи 24-уми августи соли соли 2019 соати 13:00 дар ошхонаи “Дидор”-и Ҷамоати деҳоти Навгилеми шаҳри Исфара маъракаи муборакбодии фарзанди хоҳараш Мухбира ва фарзанди бародараш Дилафрузро, ки ҳар ду нав оиладор шуда будаанд гузаронидааст.
Дар асоси Қарори судяи суди шаҳри Исфара Абдуллозода М. ҳуқуқвайронкунанда Умарова М.Б. бо моддаи 481 қисми 1 Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон гунаҳгор дониста шуда, ба ӯ бо ин модда ҷазои маъмурӣ ба андозаи сад нишондиҳанда барои ҳисобҳо баробар ба 5500 сомонӣ ба фоидаи давлат таъин карда шуд.
Қарори мазкур эътибори қонунӣ пайдо намуда, ба иҷро расонида шудааст.

Масъули сомонаи суд: Давронӣ С.Ш.